Роғун: озмунҳои «Сад ранги чакан», «Иди асал», «Зардӯзи беҳтарин»-пайки ҷашни Истиқлолияти давлатӣ
Роғун, 06.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар маркази шаҳри Роғун ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои «Сад ранги чакан», «Иди асал», «Зардӯзи беҳтарин», «Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм» ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки аҳли фарҳангу маориф ва сокинони шаҳр баргузор гардид. Дар озмунҳо ҳунармандону мутахассисони занбӯрпарвар, ошпазҳои беҳтарини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия намунаи ҳунари худро ба ҳакамон пешниҳод намуданд.
Мақсади озмунҳо- эҳёи анъанаҳои мардумӣ, ҷалби занону духтарони хонанишин ба дӯхтани либосҳои миллӣ ва муаррифии мероси пурғановати гузаштагон мебошад.
Дар анҷоми намоишҳо ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






