Сафари ҳунарии ансамбли давлатии рақсии «Базморо» ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Душанбе, 08.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги тоҷикон дар хориҷи кишвар, рушд ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи фарҳанг, инчунин табодули таҷриба байни ансамблҳо ва гурӯҳҳои эҷодии ду кишвар бо ибтикори намояндагии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон аз 7 то 12 сентябри соли 2016 сафари ҳунарии ансамбли давлатии рақсии «Базморо» ба шаҳри Остона оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар доданд.
Зимни сафари мазкур баромади гурӯҳи эҷодии «Базморо» аз тариқи телевизиони давлатии «Қазоқистон», дар саҳнаи Академияи миллии хореографии Қазоқистон ва пазироии расмии Сафорат бо иштироки ҳайати дипломатӣ ва намояндагони илму фарҳанги кишвари иқомат бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






