Сафари устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Қувайт ба вилояти Суғд
Душанбе, 10.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва густариши робитаҳо як гурӯҳ ҳайати устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Қувайт ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар доираи сафар меҳмонон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷнд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварданд.
Абдулҳадӣ ал-Аҷмӣ, роҳбари ҳайат, ёвари декани таърихи Донишгоҳи Кувайт дар мулоқот бо устодону донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гуфт, ки 8 нафар устод ва 2 нафар донишҷӯи донишгоҳ бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд ва ҳадафи эшон омӯзиш, таҳқиқ ва ташфиқу тарғиби таърихи куҳан ва имрӯзаи халқи тоҷик мебошад.
Роҳбари ҳайат афзуд, ки мо дар оянда сайъ хоҳем намуд, ки ҳамкории самимӣ ва судовар ба роҳ монем. Дар чаҳорҷубаи ҳамкорӣ мо ҳавасманди омӯзиш, таҳқиқ ва нашри таърихи миллати тоҷик бо забони арабӣ ҳастем. То ин ки олами араб аз вуҷуд ва мероси гаронбаҳои халқи тоҷик бархӯрдор гардад.
Инчунин Анвар Мақсудӣ, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров зикр намуд, ки устодони факултетҳои таърих ва забонҳои шарқ метавонанд дар ҳамкорӣ бо устодони Донишгоҳи Қувайт барои муаррифии таърих ва фарҳанги миллати тоҷик силсилаи китобҳои илмиву публитсистиро таҳия ва ба нашр расонанд. Зеро забони арабӣ яке аз забонҳои сатҳи ҷаҳонӣ аст ва ба ин васила тарғиби таърихи халқи тоҷик дар олами араб шоистаи дастгирӣ ва таҳсин аст.
Бояд қайд намуд, ки устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Қувайт пеш аз сафар ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз Самарқанду Бухоро боздид ба амал оварданд. Ҳамчунин аз ҷойҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Хуҷанд дидан намуда.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






