Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Эътимоднома супорид
Душанбе, 23.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябри соли 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Шарифзода Юсуф Тоир ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе Эътимодномаи худро супорид.
Пас аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Президенти Корея бо Сафири Тоҷикистон доир гардид, ки дар оғози он дуруд ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе расонида шуд.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея дар заминаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






