Сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст

Сентябрь 27, 2016 15:58

Душанбе, 27.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 1997 инҷониб дар асоси Қарори Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ 27 сентябр дар ҷаҳон чун Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2007 ба узвияти Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ пазируфта шуд.
Узвияти Тоҷикистон дар ин Созмон барои рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳлилҳои маркетингӣ ва ворид шудани соҳаи туризми кишвар ба бозори ҷаҳонии туристӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, вазиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имрӯзҳо таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ бештар ба туризми экологӣ, кӯҳию варзишӣ ва таърихию фарҳангӣ равона шуда, бахшҳои мазкур дар ҳоли рушд қарор доранд.
Бо мақсади инкишофи туризми фарҳангӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ дар водии Зарафшон ва минтақаи Бадахшон меҳмонхонаҳои хурд дар асоси манзилҳои истиқоматии деҳотӣ, татбиқ гардида, бо истифода аз ин фаъолият, сайёҳон имкон пайдо мекунанд, ки дар баробари истифодаи меҳмонхона дар ҷараёни омода кардани хўроки миллӣ, дўхти либосҳои анъанавӣ ва ҷашну маросимҳои миллӣ иштирок карда, бо фарҳанги зиндагонии маҳаллӣ аз наздик ошно гарданд. Ҳоло соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба он бештар ҷалб гардида истодааст.
Аз ин рӯ, соли 2015 Созмони ҷаҳонии туристӣ дар як гузориши тозаи худ Тоҷикистонро дуюмин кишвар дар дунё эълон намуд, ки соҳаи сайёҳиаш дар ҳоли рушд мебошад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 иншооти туристии дорои ҷанбаҳои истироҳатию осоишӣ фаъолият намуда, ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.
Бояд гуфт, ки намояндагони беш аз 100 мамлакати дунё ҳамчун сайёҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз ҷойҳои таърихӣ ва сайёҳии он боздид менамоянд.
Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар нимсолаи якуми соли равон 163 ҳазору 988 нафар сайёҳон ба Тоҷикистон омадаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2015- 16 723 нафар зиёд мебошад.

Сентябрь 27, 2016 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд