Шумораи мактабҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ дар вилояти Хатлон афзуд

Сентябрь 21, 2016 17:02

Қӯрғонтеппа, 21.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дигаргуниҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон, ки дар зарфи 25 соли охир ба вуқуъ пайвастаанд, гувоҳи ба тадриҷ рушд ёфтани ин соҳаи ҳаётан муҳими иҷтимоӣ мебошанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, соли 1991 дар вилояти Хатлон 1002 муассисаи таълимӣ фаъолият менамуд ва соли 2015 шумораи муассисаҳои таълимии вилоят ба 1326 адад расид, ки ин нисбат ба соли 1991 324 адад зиёд мебошад.
Соли 1991 дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон 397 ҳазору 700 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд.
Солҳои 2015 — 2016 ин шумора ба 666 ҳазору 249 нафар расид, ки ин нисбат ба соли 1991 -268 ҳазору 549 нафар зиёд мебошад.

Сентябрь 21, 2016 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад