Ситоиши либоси миллии тоҷикӣ дар расонаи мисрӣ

Сентябрь 19, 2016 13:33

Душанбе, 19.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаи мисрии «Садо-л-балад» дар торнамои худ маводи хабарнигор Ало ал-Мунёвиро зери унвони «Либоси миллии тоҷикӣ дар ҷашни Истиқлол мисриёнро мафтун кард» мунташир намуд. Тарҷумаи маводи мазкурро пешниҳоди хонандагони худ менамоем:

«Либоси миллии тоҷикӣ дар ҷашни Истиқлол мисриёнро мафтун кард. Теъдоди зиёди мисриён хостанд ба бар кардани либоси миллии суннатии мардуми тоҷикро таҷриба кунанд. Либоси мазкур онҳоро дар зиёфати расмие, ки Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира дар яке аз меҳмонхонаҳои Қоҳира ба муносибати ҷашни Истиқлол баргузор намуд ва дар он наворбардорони рӯзномаи «Садо-л-балад» ширкат карданд, мафтун намуд.
Тоҷикистон ба Истиқлоли миллӣ 9 сентябри 1991 ноил шуд ва бино ба маълумоте, ки мо аз Сафорат ба даст овардем, мардуми тоҷик либоси миллии хос дорад, ки рангҳои пурнур ва навъҳои он дар минтақаҳои гуногуни кишвар фарқ мекунанд. Тоҷикон бо ҳунари ороишгарӣ, кандакорӣ ва зардӯзӣ шуҳрат доранд. Ҳунари зардӯзӣ ба таври возеҳ дар либоси миллии онҳо, ки пур аз хатту нахҳои заррин аст, ба мушоҳида расида, ба ин либоси миллӣ намуди нотакрор медиҳад».

Сентябрь 19, 2016 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид