«Сомон Эйр»: Хатсайри Душанбе-Новосибирск ва Душанбе-Сочи ифтитоҳ гардид
Душанбе, 02.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар арафаи Рӯзи авиатсияи гражданӣ ду хатсайри навро ба самтҳои Душанбе-Новосибирск ва Душанбе-Сочи ифтитоҳ намуд. 31 август хатсайри аввалини ширкати ҳавопаймоӣ аз рўйи самти Душанбе-Новосибирск-Душанбе ва 1-уми сентябр маросими ифтитоҳии хатсайри Душанбе-Сочи-Душанбе баргузор гардид.
Ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоӣ дар ду самт ҳафтае як маротиба парвоз намуда, парвоз дар хатсайри Душанбе- Новосибирск рўзҳои чоршанбе ва Душанбе- Сочи рўзҳои панҷшанбе муқаррар шудааст.
Ҳамчунин ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барқарор кардани хатсайри Душанбе-Бишкекро низ дар нақша дорад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






