Созишнома оид ба тиҷорати озоди хизматрасониҳо дар қаламрави ИДМ соли 2017 ба имзо мерасад
Душанбе, 29.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Созишнома оид ба тиҷорати озоди хизматрасониҳо дар қаламрави ИДМ дар назар аст, ки соли оянда имзо шавад. Дар ин бора 29 сентябр раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ- Котиби иҷроияи Иттиҳод Сергей Лебедев дар маросими ифтитоҳи конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «25 соли ИДМ, натиҷаҳо, дурнамо» изҳори андеша намудааст.
Бино ба иттилои ӯ, дар ҳоли ҳозир, раванди коркарди лоиҳаи созишнома оид ба тиҷорати озод дар хадамоти ИДМ идома дорад. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик марҳилаи тасвиби санад анҷом ёбад. Бино ба гуфтаи ӯ: «Дар назар аст созишнома соли оянда ба имзо расад. Барои бартараф намудани монеаҳои савдо соддагардонии ҷории барасмиятдарории гумрукӣ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ муҳим аст».








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






