Таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар Брюссел

Сентябрь 14, 2016 13:48

Душанбе, 14.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори таърихӣ ва барҳавои Ҷамъияти шоҳаншоҳии адабиёт ва фарҳанги Шоҳигарии Белгия зиёфати расмӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросим котиби генералии Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дирк Ахтен, раиси Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле, раиси Гурӯҳи дӯстии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо Ҳерберт Дорман, вакилони Парлумони Аврупо, директори Директорати Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ Лук Девин, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Брюссел, шахсони расмии Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат, Иттиҳоди Аврупо, СААШ, Паймони Неру, Шӯрои Аврупо, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ВАО, инчунин аъзои ҷамъияти тоҷикони муқими Белгия, Нидерланд ва Люксембург иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Эркинхон Раҳматуллозода ба ҳозирин роҷеъ ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 25 соли истиқлолият, рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар ин давра ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу субот дар кишвар маълумот манзур намуд.
Ба таваҷҷуҳи меҳмонон навори видеоии муаррификунандаи дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, табиати нотакрор, имкониятҳои сайёҳӣ, фарҳанг, мусиқӣ ва ҳунарҳои миллӣ пешниҳод гардид. Ҳамзамон, дар айвони бино намоиши аксҳо, ҳунарҳои миллӣ, сӯзанӣ ва китобчаҳо дар бораи таъриху фарҳанг ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Сентябрь 14, 2016 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд