Тоҷикистон бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон беш аз 2000 санади ҳуқуқӣ ба имзо расонидааст

Сентябрь 29, 2016 14:29

Душанбе, 29.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди сипарӣ гардидани марҳалаи аввали соҳибистиқлолӣ, ки даврони ба эътидол овардани вазъияти дохилӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дар равобити байналмилалии худ сиёсати «дарҳои кушода»-ро эълон дошт, ки ин хатти сиёсӣ имрӯз низ муваффақона идома дорад.
Самараи чунин сиёсатро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба нахустин таҷлили «Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ» ва ифтитоҳи бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ дар робитаҳои хориҷии гуногунҷанбаи кишварамон дар арсаҳои мухталиф арзёбӣ намудааст.
Ба маълумоти Роҳбари давлат, дар айни ҳол Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад.
Дар баробари ин, Тоҷикистон ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ, ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳо иҷро менамояд.
Тоҷикистон то имрӯз бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобил, манфиатҳои муштарак ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ бо зиёда аз 140 кишвари дуру наздик робитаҳои дӯстонаву беғараз ва ҳамкории судманди гуногунҷанбаро ба роҳ монда, густариш медиҳад.
Дар ин замина Тоҷикистон бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон беш аз 2000 санади ҳуқуқиро ба имзо расонида, мавриди иҷро қарор додааст.

Сентябрь 29, 2016 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад