Тоҷикистон мизбони сеюмин мусобиқаи байналмилалии «Regatta -2016» мешавад
Душанбе, 30.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 сентябр то 2 октябри соли 2016 бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи экологии фарҳангии «Помир» 3- юмин мусобиқаи байналмилалии варзишӣ — сайёҳӣ оид ба қаиқронӣ ё Reggata баргузор мегардад.
Мусобиқаи мазкур дар кӯли калонтарини кишвар- «Қарокӯл» доир карда шуда, дар он зиёда аз 25 варзишгар аз давлатҳои Тоҷикистон, ИМА, Фаронса, Олмон, Канада, Швейтсария ва Қирғизистон иштирок мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки чорабинӣ воситаи беҳтарини муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби хоҳишмандону мухлисони ин намуди зебои варзиши сайёҳӣ ба Тоҷикистон мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






