«Тоҷикистон: туризм ва ҷавонон»- ҳамоиш дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ
Душанбе, 27.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии Коллеҷи муҳандисию омўзгории шаҳри Душанбе дар мавзўи «Тоҷикистон: туризм ва ҷавонон» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар он роҳбарияти Муассиса, намояндагони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, устодон ва донишҷўён иштирок намуданд.
Махкамбой Гулов, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе иброз дошт, ки соҳаи сайёҳӣ дар асл кишвари моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳмчун ҷавҳари кашфношуда муаррифӣ намуда, биҳишти рўи замин эътироф гардидааст.
Ҷамъомад дар доираи «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017» баргузор гардид.
Хотирнишон месозем, ки имрўзҳо дар тамоми қаламрави кишвар ба ифтихори Рўзи байналмилалии туризм маҳфилҳои гуногун баргузор мешаванд.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






