То соли 2021 дар вилояти Хатлон сохтмони 556 мактаб дар назар аст

Сентябрь 26, 2016 16:19

Қӯрғонтеппа, 26.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён бинои нави мактаби №54 ба истифода дода шуд. Мактаби мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо сарфи 1 млн. 240 ҳазор сомонӣ маблағ сохта шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи мактаби мазкур раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф диққати махсус медиҳад.
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода иброз дошт, ки тибқи «Барномаи рушди мактаб барои солҳои 2017-2021» дар вилояти Хатлон сохтмони 556 мактаб ба маблағи 1,5 млрд. сомонӣ дар назар аст.

Сентябрь 26, 2016 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад