Ҳукумати Япония ба Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии қатънома миннатдорӣ изҳор кард
Душанбе, 14.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябри соли 2016 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Ҳитоши Киучи, вакили Маҷлиси намояндагони Парлумони Япония баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Куичи Ҳитоши миннатдории Ҳукумати Японияро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии қатъномаи таъсиси 5 ноябр «Рӯзи ҷаҳонии огоҳӣ аз хатари сунамӣ» дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид изҳор намуда, аз номи Котиби генералии Ҳизби Либерал-демократ Тошиҳиро Никай ба Сафири Тоҷикистон сипоснома тақдим намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин масоили таҳкими ҳамкории дӯстона ва мутақобилан судманди байни ду кишвар, инчунин ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Японияро баррасӣ намуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






