«Усулҳои ҳисоббарор дар илмҳои дақиқ KSCMBS-2016»- Симпозиуми байналмилалӣ

Сентябрь 26, 2016 17:30

Душанбе, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар осоишгоҳи «Баҳористон» бо иқдоми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми «Усулҳои ҳисоббарор дар илмҳои дақиқ KSCMBS-2016» бо иштироки беш аз 30 меҳмони хориҷӣ аз кишварҳои Олмон, Ҷопон, Ҳиндустон, Ҳолланд, Нидерландия, Федератсияи Русия ва кишварҳои ҳамҷавор ба кори худ шуруъ намуд, ки то   28 сентябри соли равон идома меёбад.

Тавре аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи он муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ зикр кард, ки илму маърифат дар ҳамаи давру замон ба сифати як омили таҳрикдиҳандаву пешбарандаи ҷомеа ҳамчун сарвати нодири ақлонӣ истифода мегардид ва аз ҷониби алоқамандону дӯстдорони ин падидаи офаранда барои муҳайё намудани зиндагии шоиста, таҳкими робитаи дӯстии байни миллатҳо ва ривоҷ бахшидани неруи инсонӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирифт.

Ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ баён дошт, ки баргузор шудани  чунин симпозиумҳо имкон медиҳад, ки обрӯ ва эътибори донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ ривоҷ ёфта,  ҳамкории донишгоҳҳои  Ҷопон, Федератсияи Русия, Ҳолланд, Нидерландия, Ҳиндустон ва кишварҳои ҳамҷавор тақвият ёбад.

Олимони варзидаи илмҳои дақик дар баробари баррасии масоили мубрами илми дақиқ дар кори Симпозиум, ҳамзамон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дидору мулоқот анҷом медиҳанд.

 

 

Сентябрь 26, 2016 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад