Вазъият ва дурнамои рушди тибби оилавӣ дар ҶТ
Душанбе, 27.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ имрӯз дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Вазъият ва дурнамои рушди тибби оилавӣ дар ҶТ» баргузор гардид. Дар конфронс масъалаҳои мубрами рушди кумаки аввалини тиббию санитарӣ аз рӯи асосҳои тибби оилавӣ муҳокима гардида, қадамҳои минбаъда барои солҳои 2016-2020 баррасӣ гардиданд.
Илҳом Бандаев, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ 4 маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ фаъолият менамоянд. Ин марказҳо дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон ҳамарӯза ба мардум хизмат мерасонанд.
«Мақсад аз баргузории ҷамъомади имрӯза- натиҷагирии қаблӣ аз барномаи тибби оилавӣ барои солҳои 2011-2015 ва муайян намудани дурнамои он дар солҳои минбаъда мебошад. Дар доираи конфронси мазкур коршиносони ватанию хориҷӣ тавсияҳо доданд, ки он, пеш аз ҳама, имкон медиҳад инфрасохтори муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ, заминаи моддию техникии муассисаҳо, баъдан иқтидори кадрии кормандонро беҳтар намояд»,-илова намуд мусоҳиб.
Шарифҷон Саидшарипов, мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ зикр дошт, ки дар конфронс 96 намуди гиёҳҳои ватанӣ пешкаши иштирокчиён шудааст. «Гиёҳҳои мо аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, нархашон низ дастрас мебошад. Мо гиёҳҳоро аз кӯҳистони Рашт, вилояти Бадахшон, кӯҳистони Муминободу Сари Хосор, Балҷувон ва дигар мавзеъҳо дастрас менамоем»,-илова намуд Ш. Саидшарипов.
Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол шумораи табибони оилавӣ дар муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии ҷумҳурӣ 4154 нафар ва кормандони миёнаи тибби оилавӣ 6652 нафарро ташкил медиҳад. Зимни конфронс зикр гардид, ки бо мақсади омӯзиши раванди самараноки «Тартиби таҳсилоти муттасили мутахассисони тибби оилавӣ» чорабиниҳои омодагӣ барои гузаронидани корҳои пажӯҳишию таҳлилӣ анҷом дода шуданд.








Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид
«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






