Вохӯрии роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки ИДМ дар Гулистон
Душанбе, 28.09.2016/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ таҳти раёсати Руслан Давидов-муовини роҳбари Хадамоти федеролии гумруки Русия баргузор гардид.
Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар кори ҷаласа роҳбарон ва кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Хадамоти гумруки Арманистон, Беларус, Русия, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва намояндаи Маркази зиддитеррористии кишварҳои аъзои ИДМ ширкат намуданд.
Иштирокдорони ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои ИДМ- ро Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, нақши воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ-ро дар фаъолияти гумрукӣ ва ҳифзи амнияти иқтисодӣ муҳим арзёбӣ карда, хостори рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд гардид. Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои марбут ба натиҷаи чорабиниҳои муштараки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумрук доир ба ошкор ва пешгирӣ намудани шабакаҳои қочоқчиён, инчунин иҷрои нақшаҳои кори Кумита ва маркази минтақавии вобаста ба фаъолияти воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Созмони байналмилалии гумрукӣ оид ба кишварҳои ИДМ «RILO Москва» дар соли 2016-ро баррасӣ карданд.
Зикр шуд, ки дар доираи сарпарастии Кумита ва ҳамкории муштараки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ фаъолияти 15 гурӯҳи ҷиноии фаромиллии қочоқчиёни маводи мухаддир пешгирӣ ва аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 21 тонна маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ мусодира гардида, зиёда аз сад нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.
Дар ҷаласа доир ба таъсиси шабакаи боз дар самти дастрас намудани иттилоот аз шаҳрвандон- ҳуқуқвайронкунандагони гумрукӣ қарор қабул гардида, инчунин оид ба оғози кори шабонарӯзии нуқтаҳои иртиботӣ ҷиҳати табодули иттилооти ҳифзи ҳуқуқ тасмим гирифта шуд.
Ҳамзамон дар ҷаласа самтҳои ҳамкорӣ оид ба муқовимат бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ дар татбиқи савдои интернети фаромиллӣ, мубориза бар зидди муомилоти байналмилалии ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои он, таҳқиқ ва тафтиши пешакии гумрукӣ, баланд бардоштани касбияти кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ ва фаъолияти кинологӣ муайян карда шуданд.
Иштирокдорони ҷаласа ба рушди ҳамкории Кумита бо мақомоти байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки дар ин самт дар оянда лоиҳаи Созишнома таҳия мегардад.
Инчунин доир намудани амалиёти махсуси бисёрҷониба барои ошкор ва ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои гумрукӣ ба нақша гирифта шуда, иштирокдорони ҷаласа омодагии худро ба табодули иттилооти ҳифзи ҳуқуқ ва таҳияи чораҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳор доштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






