«Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме…». Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Душанбе, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саросари кишвар Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Ба ин муносибат бо ташаббуси факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) конфронси илмӣ- амалии донишгоҳии рӯдакихонӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонон аз дигар макотиби олии кишвар доир гардид.
Дар конфронси мазкур намояндагони илму адаб, аз ҷумла профессор Худоӣ Шарипов, профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул, дотсент Мирзо Солеҳов, номзади илмҳои филологӣ Рустам Наботӣ ва муфассири ашъори шоирони классики тоҷику форс Масъуди Сипанд маърӯза намуданд.
Мисбоҳиддин Нарзиқулов изҳор кард, ки «дар ДМТ қабл аз он, ки 22-юми сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил шавад, анъанае буд, ки дар арафаи иди Наврӯз ҳамеша маҳфили рӯдакихонӣ баргузор мегардид. Пас аз қарори Ҳукумати кишвар, ки 22-юми сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, маҳфили мо низ ба ин рӯз гузаронида шуд».
Аспиранти соли дуюми факултети филологияи тоҷики ДМТ Ваҳдати Дайхудо андешаи худро оид ба ин рӯз чунин баён намуд: «Гузаронидани конфронс ва чорабиниҳои илмӣ бахшида ба рӯзи гиромидошти Одамушшуаро Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ ва Лоиқу дигар шоирону нависандагони муосир барои устодон, аспирантон, унвонҷӯён ва бахусус донишҷӯён, ки маълумоти пурра дар бораи эшон надоранд, хеле анъанаи хуб мебошад».








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






