Ёвон: Ҳамасола 6 нафар толибилми болаёқат бо стипендияи президентӣ сарфароз гардонида мешаванд
Ёвон, 29.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар ноҳияи Ёвон 82 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей, 2 гимназия, 9 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон машғул мебошанд. Иштироки фаъолонаи хонандагони ин муассисаҳои ноҳия дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дар муддати панҷ соли охир тавассути ислоҳоту навсозии соҳаи маориф, ҳалли мушкилоти норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, бо китобҳои дарсӣ таъмин гардидани толибилмон, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва амалисозии стратегияҳо ва барномаҳои дахлдор, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» сифати таълим ва донишомӯзии насли наврас нисбат ба 6-7 соли қаблӣ хеле беҳтар гардидааст.
Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар давоми солҳои 2012-2016 аз олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ 3 медали тилло, 5 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ ба даст оварда, дар олимпиадаҳои фосилавӣ соҳиби 49 мақоми ифтихорӣ гаштанд. Дар соли таҳсили 2014-2015 як нафар хонандаи синфи 11 дар олимпиадаи байналмилалӣ оид ба фанни химия сазовори Дипломи дараҷаи III дониста шуд.
Бо мақсади ҳавасманд намудани хонандагон ҳамасола 6 нафар толибилмони болаёқат бо стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беш аз 30 нафар бо стипендияҳои раиси ноҳия сарфароз гардонида, 22 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тариқи квотаҳои президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шуданд.
Муваффақиятҳои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар соли таҳсили 2014-2015 аз рӯи ғолибият дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ва дар самти дохилшавӣ ба макотиби олӣ аз ҷумлаи дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия ба шумор меравад. Соли гузашта 7 нафар хатмкунанда дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гашта, 626 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, 74 нафар ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар ва 696 нафар ба коллеҷу омӯзишгоҳҳо дохил шуданд.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






