Ёвон: нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи чорводорӣ сол то сол баланд мегарданд

Сентябрь 27, 2016 09:57

Ёвон, 27.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Пешбурди соҳаи чорводории ноҳияи Ёвон то давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба зиммаи совхозҳои «Бӯрдоқипарварӣ» ва «Гӯсфандпарварӣ» гузошта шуда буд. Соли 1985 совхози «Гӯсфандпарварӣ» ба совхози «Ба номи Қ.Одинаев» табдил ёфта, дар заминаи он совхози ба номи «Б.Ғафуров» ташкил ёфт.
Аз таҳлили вазъи соҳаи чорводории ноҳия дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум мегардад, ки дар ин самт низ нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ сол то сол баланд мегарданд.
Айни замон дар ҳама бахшҳои хоҷагидории ноҳия 91 ҳазору 345 сар гов, 166 ҳазору 17 сар бузу гӯсфанд, 6220 сар асп, 172 ҳазор сар мурғ ва 4394 оилаи занбӯри асал нигоҳубин карда мешавад. Нишондиҳандаҳои мазкур имсол нисбат ба соли 2015 афзоиш ёфта, теъдоди чорвои калон 1116 сар, чорвои майда 4942 сар, асп 5 сар ва паранда 1048 сар бештар шудааст. Дар қиёс бо соли 2012, яъне оғози панҷсолаи панҷуми даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар ноҳия саршумори чорвои калон 2919 сар, чорвои майда 8758 сар, асп 243 сар, мурғ 58472 сар ва оилаҳои занбури асл 926 адад бештар гардида, дар соли 2015, 1546 тонна гӯшт, 5933 тонна шир, 1 млн. 115,3 ҳазор дона тухм, 41,7 тонна пашм ва 14,6 тонна асал зиёдтар истеҳсол карда шудааст.
Дар ноҳия имрӯзҳо зиёда аз 200 хоҷагии деҳқонӣ ба фаъолияти чорводорӣ машғул буда, онҳо 43 ҳазор гектар чарогоҳҳоро истифода мебаранд ва дар ихтиёри худ 12 фермаи ширию молӣ ва 18 кашари моли майда доранд.
Солҳои охир дар пешрафти ин соҳа чорводорони ноҳия, аз қабили Сайдалӣ Зарифов, Наврӯз Сангимуродов, Намоз Давлатов, Асадулло Авғонов, Ҷанҷол Нурхонов, Вайсиддин Воҳидов, Бобохуҷа Мирзоев, Шодихон Қулов ва чанде дигарон саҳми арзанда доранд.

Сентябрь 27, 2016 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад