Зан асту зиндагӣ доим баҳор аст
Душанбе, 1.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс Ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Идигул Қосимзода, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиба Ёқубова баромад кунанд.
Конфронс дар ду бахш доир хоҳад гашт.
Дар кори конфронс маърӯзаҳои олимону коршиносон таҳти унвонҳои «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи занон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон», «Муваффақиятҳои занон ва рушди илм», «Мақоми зан дар нигоҳдошти анъанаҳо ва хислатҳои миллӣ», «Зан асту зиндагӣ доим баҳор аст» ва ғайра шунида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






