«Зодгоҳи ман»- озмуни шаҳрии эҷодкорони ҷавон дар Турсунзода
Душанбе, 19.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Турсунзода дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонони шаҳри Турсунзода барои солҳои 2016-2018» озмуни шаҳрии эҷодкорони ҷавон таҳти унвони «Зодгоҳи ман» баргузор гардид.
Мақсади озмуни мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, эҳсоси ифтихори миллӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, аз ҷумла шоирон, ташвиқу тарғиби адабиёт, дар дили наврасон бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, эҳсоси хештаншиносӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба мутолиаи китоб ва китобхона мебошад.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






