14 октябр- Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо
Душанбе, 14.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 14 октябр чун Рӯзи стандартҳо таҷлил карда мешавад. Ин санаи байналмилалӣ одамонро барои ҷалби таваҷҷуҳашон ба муҳимияти таҳияи стандартҳои ягона ва ба назар гирифтани саҳми даҳҳо ҳазор мутахассисон, ки ҳаёт ва таҷрибаи тахассусии худро ба ин кори басо муҳим ва масъул бахшидаанд, даъват мекунад. Бояд тазаккур дод, ки 70 сол муқаддам, аниқтараш 14 октябри соли 1946 дар Лондон конфронси ташкилотҳои миллӣ оид ба стандартонӣ баргузор гардид, ки дар кори он аз 25 кишвари ҷаҳон 65 нафар вакил, аз ҷумла аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат намуданд. Дар ҷараёни конфронс иштирокдорони он дар бораи таъсис додани Созмони байналмилалӣ оид ба стандартонӣ (International Organization for Standardization (ISO) қарори марбута қабул намуданд.
Соли 1970 Президенти ISO Фарук Сунтер (Туркия) таклиф пешниҳод намуд, ки ҳар сол 14 октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо (World Standards Day) таҷлил карда шавад, то муҳим будани стандартонӣ барои иқтисоди ҷаҳон баён гардад.
Табиист, ки дар ҳаёти инсон ягон чизи ғайристандартӣ, аз андозаву меъёр берун роҳ намеёбад ва ҳамин ҳадду қолиб аст, ки одаму оламро зебо нишон медиҳад ва ҳатто то андозае ҳаётро ширину рангин месозад.
Стандартҳо ба истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагон хизматрасониеро пешниҳод мекунанд, ки аз рӯи низоми идоракунии «чӣ тавр бояд маҳсулотро коркард намуд, ки дастраси ҳама бошад?» ба роҳ монда мешавад. Стандартҳо дастрасии ҳар як шахсро ба маҳсулот, сохтор ва хизматрасониҳо осон менамоянд. Онҳо дар худ талаботи бехатарӣ, меҳнатшиносӣ ва усулҳои мувофиқашудаи ҳамаи ташхисҳоро, ки ба тавсеаи дастрасӣ равона шудаанд, дар бар мегиранд. Ҳамзамон барои паҳн намудани навовариҳои технологӣ дар кишварҳои мутараққӣ ва мамлакаҳои дар ҳоли рушд мусоидат намуда, барои рушди бозор ва савдои ҷаҳонӣ кумак менамоянд. IEC, ИСО ва ITU-созмонҳои марбут ба стандартонӣ фаъолияти худро ҳамоҳанг намуда, низоми стандартикунониро пешниҳод менамоянд, ки ба тарроҳон, истеҳсолкунандагон ва сиёсатмадорон барои бехатар намудани олам ва дастрасӣ барои ҳама имрӯзу фардо ёрӣ мерасонанд.
Агентии «Тоҷикстандарт» мақомоти миллии соҳаи стандартонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, соли 1929 таъсис дода шудааст. Нақши мақомоти «Тоҷикстандарт» дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар калон аст. «Тоҷикстандарт» дар созмонҳои байналмилалии соҳаи стандартикунонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Айни замон Агентии «Тоҷикстандарт» узви вобастаи ташкилоти байналмилалӣ оид ба стандартҳо (ИСО), аъзои Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия (ШБД), узви вобастаи Ташкилоти байналмилалии метрологияи қонунгузор (МОЗМ (OIML), аъзои комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Авруосиёии муассисаҳои давлатии метрологӣ (COOMET), аъзои Ташкилоти байналмилалии стандартизатсия (МАС), аъзои ассотсиявии Созмони байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аккредитатсияи озмоишгоҳҳо (ILAC) ва аъзои Созмони Осиёи Марказӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар соҳаи метрология, ваколатдиҳӣ ва сертификатсия (САС MAS-Q) мебошад.
Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки кормандони мақомот қонунҳои амалкунандаи соҳа, риояи стандартҳо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро, ки дар маҷмӯъ ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нигаронида шудаанд, дар фаъолияташон ҳамеша бо масъулияти том татбиқ менамоянд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






