20 октябр- Рӯзи умумиҷаҳонии омор

Октябрь 20, 2016 16:49

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад. Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад.

 Эмомалӣ Раҳмон

Душанбе,  20.10.2016  /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 20 октябр дар саросари олам ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии омор қабул гардидааст. Аввалин маротиба соли 2010 дар сессияи 41-уми Комиссияи омории СММ  қароре пешниҳод карда шуд, ки бояд Рӯзи умумиҷаҳонии омор (World Statistics Day)  қабул карда шавад. 3 июни  соли 2010 Ассамблеяи генералии СММ қарор қабул кард, ки 20 октябрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии омор эътироф мекард. Ин қарор ба хотири омодасозии оморҳои дақиқу ҷавобгӯ ба шароити муосири замонавӣ ва пешрафти фаъолияти сохторҳои корӣ равона шуда буд.  Дар бештари ҳолатҳо бо мавҷудияти омор шароит барои қабули қарору пешниҳодҳо дар самти сиёсат ва пешрафти он фароҳам оварда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон ин идро ҷашн мегирад. Дар кишвар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки ин Агентӣ мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатии соҳаи омор ба шумор меравад. Маҳз таваҷҷуҳу дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин радиф Ҳукумати кишвар мебошад, ки дар қатори дигар кишварҳои пешрафта, Тоҷикистон низ кӯшиш намуд, то нишондиҳандаҳои омории миллиро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохта, онро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ созад.

statagentstvo-3Агентии омор дар давоми 25 соли Истиқлолият бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои сахту сангини зиёди иқтисодӣ ва молиявӣ дар баланд бардоштани сифату ҷамъоварӣ ва муаррифии маълумоти омории соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву иқтисодиёти миллӣ бо иқтисодиёти минтақавию байналмилалӣ, зиёд шудани муносибатҳои муштарак бо созмонҳои гуногунсатҳи соҳавӣ, идомаёбии табодули таҷрибаи мутахассисон ва татбиқсозии таҷрибаи муосири байналмилалии оморӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Бояд гуфт, ки ташакули омори расмӣ дар ҷумҳурӣ аз 1 январи соли 2011 бори аввал бо меъёри нав мутобиқи таснифоти байналмилалии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ (ТУНФИ) ба роҳ монда шуд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Агентии омор дар солҳои 2000 ва 2010 барӯйхатгирии аҳолӣ ва соли 2013 барӯйхатгирии кишоварзӣ бо муваффақият гузаронида шуд.

Дастоварди дигари мақомоти омор татбиқи Лоиҳаи ТАҶСТАТ буд, ки лоиҳаи мазкур кори худро аз моҳи июли соли 2006 шурӯъ намуда, аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Департаменти ҳамкории байналмилалии Британияи Кабир, Агентии Шветсия оид ба рушд ва ҳамкории байналмилалӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ гардида, бо мақсади-расонидани кумаки амалӣ ва навсозии омори расмӣ, фароҳам овардани самаранокии низоми миллии омор, ҷиҳати таъмин намудани маълумоти воқеӣ, саривақтӣ ва муътамад барои дастгирии «Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ» ва ҷараёни рушди иқтисодӣ равона гардидааст.

Мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва умуман ҳамаи субъектҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояд ба мақомоти омор ҳисоботи заруриро сари вақт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд, зеро баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

 

Октябрь 20, 2016 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат дар назар аст
ПИРЯХҲО ВА ОЯНДАИ САЙЁРА. Душанбе ба маркази муколамаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо табдил меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 май, панҷшанбе, 128-умин рӯзи соли 2025 аст
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд
Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таҷҳизоти нигоҳдорӣ ва истифодаи китобҳо беҳтар мегардад
Барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ эълон карда шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Таваҷҷуҳи сокинон ба парвариши маҳсулот дар гармхона бештар гардидааст
Моҳи май дар Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимон баргузор мешавад