3110 нафар занони хатлонӣ дар бахши ҳунарҳои мардуми фаъолият доранд

Октябрь 22, 2016 10:00

Қурғонтеппа, 22.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон ба  масъалаҳои шуғли занон  диққати ҷиддӣ  дода  мешавад. Дар  вилоят ҷиҳати мусоидат намудан ба ин масъала Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолон» таъсис ёфта, 9 филиали он дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ёвон, Қубодиён, Дӯстӣ, Фархор, Данғара, Темурмалик ва Шамсиддини Шоҳин фаъолият намуда, аз рӯи асосҳои омӯзишии компютерӣ, дӯзандагӣ ва муҳосибӣ ба занону духтарон касб меомӯзонанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ гурӯҳҳои пазандагӣ, дӯзандагӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, кӯрпадӯзӣ, қолинбофӣ, намадбофӣ, гилембофӣ, ҷӯроббофӣ ва гаҳворасозӣ ташкил карда шуда, 3110 нафар занону бонувони хонанишин бо истифодаи ҳунарҳои мардумӣ машғули кор мебошанд.

Октябрь 22, 2016 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад