Ҳадаф-муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, забону расму оини миллати тоҷик ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон
Душанбе, 11.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешвои миллат-асосгузори рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифгари Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ» Конфронси илмӣ- назариявӣ баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҶТ, Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Қиёмиддин Миралиён, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ иштирок намуда, доир ба мавзӯъҳои ҷолиб маърӯза карданд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зикр кард, ки: «Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат дар заминаи ҷаҳду талошҳои пайваста, содиқона ва собитқадамонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои рушди иқтисодиёти миллӣ соҳаи сайёҳӣ низ дар зарфи 25 соли соҳибихтиёрии давлат ба маротиб рушд ёфта, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари кашфношуда ва гӯшае аз биҳишти рӯйи замин дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид».
«Дар шароити дигаргунсозиҳои иқтисодӣ ва ҷаҳонишавии муносибатҳо туризм барои кишвари мо, ки дар ҳоли рушд қарор дорад, басо муҳим арзёбӣ гардида, ҳамчун манбаи муътамад ва устувори беҳтар гардонидани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи туризмро ҳамчун самти афзалиятнок ва ояндадори кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд».-иброз дошт Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни конфронс.
Мақсади конфронс- арҷгузорӣ ба ҷаҳду талошҳои пайваста, содиқона ва собитқадамонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, забону расму оини миллати тоҷик ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






