«Ҳамоҳангии минтақавӣ» намояндагони Қувваҳои мусаллаҳро ба ҳам овард
Душанбе, 26.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази омӯзишии «Кемп Эдвардс», воқеъ дар пойгоҳи низомии Кейп-Код (иёлати Массачусетси Штатҳои Муттаҳидаи Амрико бо иштироки гурӯҳҳои фаврӣ ва намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Покистон машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ таҳти унвони «Ҳамоҳангии минтақавӣ» доир гардиданд.
Намояндагони низомии давлатҳои иштирокдор нахуст бо макони баргузории машқҳо ва ҳадафу моҳияти он шинос шуданд. Аз рӯи матлаби баргузории машқҳои муштарак гӯё дар қаламрави яке аз давлатҳои минтақа бо вуҷуди имзои созишномаи сулҳ миёни ҳокимияти қонунӣ ва гурӯҳҳои ҷудоихоҳ муноқишаҳои дохилӣ идома дошта, кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ фаро гирифтааст.
Вобаста ба ин, иштирокчиёни машқҳо дар 4 марҳила тамоми ҷанбаҳои ҳолати бавуҷудомадаро дар ҳамбастагӣ омӯхта, роҳу воситаҳои расонидани кумак ва дар ин замина ба эътидол овардани субот дар ин кишварро муайян намуданд.
Тавре ки аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз ташкилу роҳандозии машқҳои муштараки низомӣ аз як тараф, такмилу тақвият бахшидани қувва ва воситаҳои низомии кишварҳои минтақа ҳангоми таҳдиду хатарҳои эҳтимолии террористию экстремистӣ ва рух додани ҳолатҳои фавқулода ва аз тарафи дигар, мустаҳкам намудани ҳамоҳангии фаврии иттилоотӣ дар ин гуна ҳолатҳо бо ҳамдигар мебошад.
Инчунин дар ҳамбастагӣ ба эътидол овардани буҳронҳои сиёсӣ дар заминаи ҳадафҳои сулҳхоҳонаи кишварҳои иштирокдор низ яке аз ҳадафҳои ин машқҳо буд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






