«Амонатбонк»-и шаҳри Ваҳдат 198 муҳоҷири меҳнатиро дастгирӣ кард

Октябрь 21, 2016 09:30

Ваҳдат, 21.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Филиали рақами 14-и «Амонатбонк»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, соҳибкорон, картошкапарварон ва деҳқонон дар соли равон ба 930 нафар сокини шаҳр ба маблағи 4 миллиону 481 ҳазору 647 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок додааст. Аз ин ҳисоб 863 ҳазор сомонии он ба 198 муҳоҷири меҳнатӣ дода шудааст.
Имрӯзҳо мутахассисони бонки мазкур ба мизоҷон ба воситаи 20 постерминал хизмат мерасонанд. Тибқи иттилои масъулини Филиали рақами 14-и «Амонатбонк»-и шаҳри Ваҳдат кормандони соҳаҳои буҷетии шаҳр пурра бо корти паластикӣ таъмин гардида, 3 адад банкомати бонки мазкур дар хизмати сокинон қарор доранд.

Октябрь 21, 2016 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад