Ҳаво имрӯз дар Душанбе аз 20 то 22 дараҷа гарм мешавад
Душанбе, 26.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии зиёда аз 2000 метр барф дар назар дошта шудааст.
Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар ҳавои имрӯзаи Душанберо бебориш ва вазидани шамолро аз самти ғарб бо суръати то 2-7 метр дар як сония пешгӯӣ намудаанд. Ҳаво шабона аз 1 то 3 дараҷа ва рӯзона аз 20 то 22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои абрноки асосан бебориш пешгӯӣ гардидааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳаво бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 3 то 8 дараҷа ва рӯзона аз 17 то 22 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа ва рӯзона аз 11 то 16 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар баландии зиёда аз 2000 метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона 5 дараҷа ва рӯзона аз 12 то 17 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 6 то 11 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баландии зиёда аз 2000 метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа ва рӯзона аз 17 то 22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5 дараҷа ва рӯзона аз 10 то 15 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.








Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






