Аз «Мулло Мушфиқӣ» то «Хорпуштак» 90 сол гузашт
Душанбе, 6.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар даромадгоҳи бинои Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» бо иштироки донишҷӯёни Коллеҷи рассомии шаҳри Душанбе ва кормандони маҷаллаву рӯзномаҳои «Шарқи озод» ба муносибати 90- солагии маҷаллаи «Хорпуштак» барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Санҷиши маҳорат» баргузор гардид.
Садриддин Ёров, муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Хорпуштак» ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки «навад сол муқаддам маҷалла бо номи «Мулло Мушфиқӣ» арзи вуҷуд карда буд. Мақсад ва мароми маҷалла камбудиҳои замон ва зиндагиро бо қалами ҳаҷв, ки таъсираш назар ба дигар жанрҳои адабиёту матбуот зиёдтар аст, инъикос кардан буд ва мебошад.
Имрӯз новобаста аз тараққиёту дигаргуниҳои замона маҷалла мароми худро дигар накардааст. Албатта, маҷаллаи «Хорпуштак» дар замони бозсозӣ аз нигоҳи ороиши техникӣ ва ба табъ расидан мувофиқи талаботи замона нашр мегардад. Имрӯз маҷалла бо расмҳо ва карикатураҳояш мақбули хонандагон гардидааст».
Хайрулло Давлатов, саррассоми маҷалла ба иштирокдорон оид ба карикатура маълумот дода, тарзи тасвир намудани онро ба онҳо нишон дод.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






