Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занони деҳот. Сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ аксаран занони деҳотианд

Октябрь 14, 2016 17:11

Душанбе, 14.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2008 инҷониб ҳамасола дар ҷаҳон 15-уми октябр чун Рӯзи ҷаҳонии занони деҳот таҷлил карда мешавад. Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири беҳтар намудани шароити занон дар деҳот 12 феврали соли 2008 қарори махсусеро қабул намуда, 15-уми октябрро Рӯзи ҷаҳонии занони деҳот эълон намуд.
Тибқи таҳлилҳо ҳар як чаҳорумин нафари аҳолии ҷаҳонро занони деҳот ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки Рӯзи ҷаҳонии занони деҳот низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Барои равшанӣ андохтан ба ин сана мухбири АМИТ «Ховар» бо Маҳбуба Азимова, мудири шуъбаи иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардид.
«Зиндагӣ ва шароити занони деҳот баробари ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ хеле боло рафт. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари аграрӣ аст. Аз ҳамин лиҳоз 72 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд,, ки ин шумора 6 миллиону 2909 нафарро ташкил медиҳад ва аз ин теъдод 3 миллиону 110 ҳазору 3 нафарашонро занон ташкил медиҳанд»,- зикр намуд М.Азимова.
Вобаста ба фаъолияти соҳибкории занҳо дар кишвар як қатор қарору фармонҳо, аз ҷумла Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасии занони деҳот ба замин» ба занони деҳот имкониятҳои бештарро фароҳам овард.
«Боиси зикр аст, ки имрӯз 400 ҳазору 487 нафар занон аъзои хоҷагии деҳқонӣ буда, саҳми замин доранд. Аз ин шумора қариб 20 ҳазор нафари онҳо сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои деҳқони вилояти Суғд сарварии онро бештар занҳо бар дӯш доранд. Ин ҳолат дар вилояти Хатлон низ ба назар мерасад ва шумораи онҳо қариб беш аз 2,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёда аз 1800 ва дар ВМКБ зиёда аз 11 нафар занон сарвари хоҷагии деҳқонӣ мебошанд, ки сарбаландона аз уҳдаи вазифаҳои худ баромада истодаанд», — иброз дошт намояндаи Кумита.
Бино ба гуфтаи М.Азимова, ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занон назаррас буда, шароити зисту зиндагии онҳо дар деҳот зина ба зина боло меравад.
Аз соли 2006 инҷониб бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии соҳибкории занон грантҳои президентӣ ҷудо карда шуданд. Грантҳои мазкур доир ба фаъолияти соҳибкории занон то соли 2015 буд ва аз соли 2015 боз бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин грантҳо идома ёфтанд.
Шурӯъ аз соли 2014 ҳамасола 80 гранти президентӣ барои занҳо ҷудо карда мешавад. Грантҳои президентӣ барои рушди фаъолияти соҳибкории занон равона шуда, баҳри таъмини шароити хуби корӣ, фароҳам овардан ва боло бурдани сатҳу зиндагии онҳо мусоидат менамоянд.
«Барои амалӣ гардидани ин лоиҳаҳо занон дар самтҳои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси корхонаҳои хурд, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сабадбофӣ, кашидадӯзӣ, дӯзандагӣ ва дар парвариши чорво, боғ, занбӯриасалпарварӣ, паранда ва моҳипаварӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ кор бурда истодаанд. Маҳз ба даст овардани Истиқлолият боис гардид, ки занони деҳот майл ба рушд намоянд ва маҳсули офаридаи дастони худро ба бозори меҳнат бароранд»,- иброз дошт М. Азимова.
Ҳоло аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъол гардонидани нақши занон ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо 110 марказ фаъолият намуда, аз зиндагии онҳо бохабар мегардад ва баҳри дастгирии занони деҳот дар бахши соҳибкорӣ пайваста кумак менамояд.

Ибодат Давлатова

Октябрь 14, 2016 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад