Баррасии масоили муҳоҷирати бехатар ва омодагии пеш аз сафар дар шаҳри Хуҷанд
Душанбе, 12.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи муҳоҷирати бехатар ва омодагии пеш аз сафар ба хориҷа дирӯз дар машварати муштараки шуъбаи Хадамоти муҳоҷират, бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд муҳокима гардид.
Дар машварат Манзурат Саторова, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират, Маҳкам Миркамолов, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Зоидҷон Қурбонов, директори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, оид ба ин масъалаҳо сухан гуфтанд. Инчунин дар он беш аз 200 нафар шаҳрвандон ширкат намуданд.
Дар машварат оид ба мавзӯъҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба иштирокчиён маълумот дода шуд.
Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






