Баррасии ҳолати амалишавии лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар АИҶТ

Октябрь 22, 2016 11:06

Душанбе, 22.10.2016. /АМИТ «Ховар/. Дирӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИ ҶТ) бо иштироки аъзои Раёсати АИ ҶТ, директорон ва муовинони онҳо, мудирони шуъба ва сарходимони  илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ  ҷаласаи васеи раёсати ин ниҳод баргузор гардид.
Дар ҷаласа арзёбии фаъолияти  илмӣ ва илмию ташкилии Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови АИ ҶТ, Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АИ ҶТ ва ҷараёни иҷрои лоиҳаҳое, ки аз Фонди президентии тадқиқоти бунёдӣ маблағгузорӣ мешаванд,  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар гузоришҳо иттилооти мушаххас оид ба фаъолияти институтҳои мазкур дар мавриди омода намудани кадрҳои баландихтисос, дар амал татбиқ сохтани лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва камбудиҳои мавҷуда дар фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии муассисаҳои мазкур баррасӣ шуданд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Академияи илмҳои ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 22, 2016 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!