Баррасии самтҳои асосии рушди қонунгузорӣ дар Форуми дуюми миллӣ оид ба волоияти қонун
Душанбе, 26.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябри соли равон ба муносибати таҷлили 22-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми дуюми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Форуми мазкур масъалаҳои вобаста ба самтҳои асосии рушди қонунгузорӣ ва амалия дар соҳаи адлия, масъалаҳои мубрами ҳуқуқи шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноӣ, ҳамчунин соҳибкорӣ ва андозбандӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Барои иштирок дар Форум шахсони манфиатдоре даъват карда мешаванд, ки дар раванди таъмини волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ иштирок мекунанд.
Бо назардошти маҳдуд будани ҷойҳо барои иштирок дар Форум дархости онлайн дар сомонаи — http://www.minjust.tj бояд пешакӣ пур карда шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






