Боздиди коршиноси корхонаи байналмилалии DevStat аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 8, 2016 09:40

Душанбе, 08.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи шартномаи баимзорасида оид ба ҳамкории дуҷониба байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи муштарак (Консорсиум)-и «DevStat» айни замон ташрифи роҳбари гурӯҳ ва эксперти байналмилалӣ Петерри Баер ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ки он то 27-уми октябр идома мекунад.
Мақсади ташрифи мазкур- мушоҳида ва омодасозии нақшаи ҷузъии баамалбарории шартнома аз 15-уми августи соли 2016 то 30-юми июни соли 2018 доир ба ҷузъҳои лоиҳа, самти иҷро, ташрифи коршиносон, омӯзиш ва нақшаи тақвимии корҳои минбаъда мебошад.
Бо ин мақсад вохӯрӣ бо роҳбарияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои соҳавӣ, намояндагони як қатор вазоратҳо, аз қабили рушди иқтисод ва савдо, илм ва маориф, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайра сурат гирифт.
Шартнома оид ба «Ҳамкории дуҷониба» байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи муштараки «DevStat», ки «Serviciosde Consultoria EstadisticaS.Lis» (Испания), «UDA Consulting» (Туркия), «Open Data Watching» (ИМА), Мактаби олии иқтисодии Маскав (Русия), «CaiCo Consulting» (Тоҷикистон) ва Раёсати омори Литваро муттаҳид мекунад, баста шудааст.

Октябрь 8, 2016 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад