Бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё (U-19) дар гурӯҳи «А» ҷамъбаст шуданд
Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Арабистони Саудӣ баъди ҷамъбасти бозиҳои гурӯҳи «А» ба даври чорякниҳоӣ роҳхат гирифта, муборизаро барои унвони чемпионӣ идома медиҳанд. Дастаи мунтахаби Баҳрайн дар бозии охирини худ бо натиҷаи 3:2 бар Таиланд ва Арабистони Саудӣ бар Кореяи ҷанубӣ бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд. Дар натиҷа се даста- Баҳрайн, Арабистони Саудӣ ва Кореяи ҷанубӣ соҳиби 6-холӣ гаштанд, аммо тибқи низомномаи мусобиқа аз натиҷаи бозиҳои байниҳамдигарӣ ва голҳои задашуда бартарӣ ба дастаҳои мунтахаби ғарби Осиё мансуб дониста шуд.
Group A
|
Дастаҳо |
Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | ||
| Баҳрайн | 3 | 2 | 0 | 1 | 7 | 6 | 6 | |
| Ар.Саудӣ | 3 | 2 | 0 | 1 | 8 | 4 | 6 | |
| Кореяи ҷанубӣ | 3 | 2 | 0 | 1 | 6 | 4 | 6 | |
| Таиланд | 3 | 0 | 0 | 3 | 3 | 10 | 0 |
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи «Д» ҳунарнамоӣ дорад, баъди пирӯзӣ бар дастаи мунтахаби Чин бо натиҷаи 2:0 рӯзи гузашта машқҳои барқароркунӣ ва ё озоди худро барпо кард.
Имрӯз бозиҳо дар гурӯҳи «Б» низ ҷамъбаст мешаванд. Кореяи шимолӣ бо АМА ва Ироқ бо Ветнам қувва меозмоянд.








Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид






