Бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё (U-19) дар гурӯҳи «А» ҷамъбаст шуданд

Октябрь 20, 2016 16:34

Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Арабистони Саудӣ баъди ҷамъбасти бозиҳои гурӯҳи «А» ба даври чорякниҳоӣ роҳхат гирифта, муборизаро барои унвони чемпионӣ идома медиҳанд. Дастаи мунтахаби Баҳрайн дар бозии охирини худ бо натиҷаи 3:2 бар Таиланд ва Арабистони Саудӣ бар Кореяи ҷанубӣ бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд. Дар натиҷа се даста- Баҳрайн, Арабистони Саудӣ ва Кореяи ҷанубӣ соҳиби  6-холӣ гаштанд, аммо тибқи низомномаи мусобиқа аз натиҷаи бозиҳои байниҳамдигарӣ ва голҳои задашуда бартарӣ ба дастаҳои мунтахаби ғарби Осиё мансуб дониста шуд.

                             Group A

Дастаҳо

Б Ғ М Б Т/т И
Баҳрайн 3 2 0 1 7 6 6
Ар.Саудӣ 3 2 0 1 8 4 6
Кореяи ҷанубӣ 3 2 0 1 6 4 6
Таиланд 3 0 0 3 3 10 0

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи «Д» ҳунарнамоӣ дорад, баъди пирӯзӣ бар дастаи мунтахаби Чин бо натиҷаи 2:0 рӯзи гузашта машқҳои барқароркунӣ ва ё озоди худро барпо кард.
Имрӯз бозиҳо дар гурӯҳи «Б» низ ҷамъбаст мешаванд. Кореяи шимолӣ бо АМА ва Ироқ бо Ветнам қувва меозмоянд.

 

 

Октябрь 20, 2016 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд