Бозии рафиқонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Фаластин мусовӣ анҷом ёфт

Октябрь 6, 2016 10:49

Душанбе, 06.10.2016. /АМИТ«Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии рафиқона байни дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи миллии Фаластин баргузор шуд. Ин бозии рафиқона бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт. Хотиррасон менамоем, ки бозиро тақрибан 10 ҳазор нафар мухлисон тамошо карданд. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар бозии рафиқона Нуриддин Давронов, Давронҷон Эргашев ва Парвизҷон Умарбоев ба ҳадаф расониданд.
Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин дидори дастаҳои мунтахаби футболи миллии Тоҷикистону Фаластин ба шумор меравад.
Бозии аввали дӯстона миёни ин дастаҳо 6 сентябри соли равон дар Варзишгоҳи байналмилалии «Дура»-и шаҳри Хеврони Фаластин низ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд. Голҳои ин вохӯриро Парвизҷон Умарбоев ва Карлос Салом ба ҳадаф расониданд. Натиҷаи мусовӣ ва ҳунарнамоии чашмраси футболбозони мо, ки ҳайати асосиашро ҷавонон ташкил медиҳанд, ба дилҳо умед мебахшад.
Ду бозии охир бо натиҷаи мусовӣ бо дастаҳои мунтахаби арабӣ- Сурия ва Фаластин, ки яке дар раддабандии ҷаҳонӣ дар зинаи 105 ва дигаре дар ҷои 115 қарор доранд, барои дастаи мунтахаби мо натиҷаи мусбат аст.

Октябрь 6, 2016 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд