Дар Душанбе Машварати шашуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мешавад
Душанбе, 18.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Машварати шашуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад. Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 19 октябр дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи коршиносони доимии давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи маориф доир мегардад.
20 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузории Машварати шашуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои СҲШ дар назар аст. Дар ҷамъбаст иштирокчиёни машварат ҳуҷҷатҳои ҷамъбастиро ба имзо расонида, барои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир мекунанд .
Дар назар аст, ки меҳмонон инчунин дар ин рӯз аз Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе дидан намоянд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






