Дар ноҳияи Ёвон ба муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд

Октябрь 26, 2016 15:17

Ёвон, 26.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Амирбеки Темур, раиси ноҳияи Ёвон дар ҷамъомади Шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият, аҳамият ва моҳияти сулҳу ваҳдат иброз дошт, ки «давлатҳои дунё дар тўли таърих барои имрўзиён аз сарнавишти худ сабақи бой ба мерос гузоштаанд. Аз саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон ва дигар халқҳои олам бармеояд, ки давлатҳои мутараққӣ ва рў ба пешравӣ маҳз дар асоси якдигарфаҳмӣ, тамаддун, ваҳдат ва эҳтироми қонунҳо ба дастовардҳо ноил гардида, амнияти шаҳрвандони худро таъмин кардаанд».
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷамъомади мазкур бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги миллии занону модарон, пешгирии бегонапарастӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва пешгирии амалҳои номатлуб дар ҷомеа барпо гардид.

Октябрь 26, 2016 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад