Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон се нафар ифротгаро барои тарҳрезии амалҳои террористӣ боздошт шуданд
Душанбе, 12.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон се нафар аъзои гурӯҳи ифротгаро боздошт шуданд, ки амалҳои террористиро бар зидди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои махсус ба нақша доштанд. Дар ин бора «Синхуа» итилоъ медиҳад.
Бино ба гузориши сомонаи расмии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон, боздошт рӯзи 10 октябр сурат гирифт ва ҷузъҳои таҷҳизоти таркандаи худсоз ва таҷҳизоти тарканда, маводи динӣ ва экстремистӣ, аз ҷумла даъватҳо барои содир кардани амалҳои террористӣ мусодира карда шуданд.
Бино ба иттилои КАМ, аз оғози соли равон дар Алмаато фаъолияти ҷинояткоронаи 29 нафар ашхоси моил ба ифротгароӣ ҷилавгирӣ шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






