Дар вилояти Суғд воридоти ғайриқонунии молҳо пешгирӣ карда шуд
Душанбе, 31.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд аз ҳавлии шаҳрванд Д. Н., воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маводи зиёди хӯрокворӣ, аз қабили қанди навъи «Карамелкино», «Дюшес», «Бим-Бом»-и истеҳсоли Ҷумҳурии Украина, консерваҳои гӯштии истеҳсоли Қазоқистон, равғани зайтуни истеҳсоли Туркия, нахӯди сабзи навъҳои «Агростар», «Экостар» ва «Экос»-и истеҳсоли Молдова, консерваҳои навъи «Сайра», ҷуворимаккаи ширини истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин, шпроти навъи «Голд»-и истеҳсоли Латвия, шоколади навъи «Вечер», қиёми шири навъи «Варёнка» ва консерваи гӯшти гӯсфанди истеҳсоли Русия ба миқдори зиёд дарёфт карда шуд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд
Муайян гардид, ки маҳсулоти мазкур ба шаҳрванд А.А., соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошта, ин шаҳрванд молҳои мазкурро ба воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес- бенс Спринтер» аз Ҷумҳурии Қирғизистон тариқи роҳҳои ғайрирасмии ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бидуни назорати гумрукӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.
Тибқи хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд арзиши умумии маҳсулот 207 ҳазору 183 сомонро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд А. А бо моддаи 289-и қисми 1-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






