Дар вилояти Суғд воридоти ғайриқонунии молҳо пешгирӣ карда шуд

Октябрь 31, 2016 14:56

Душанбе, 31.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд  аз ҳавлии шаҳрванд Д. Н., воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маводи зиёди хӯрокворӣ, аз қабили қанди навъи «Карамелкино», «Дюшес», «Бим-Бом»-и истеҳсоли Ҷумҳурии Украина, консерваҳои гӯштии истеҳсоли Қазоқистон, равғани зайтуни истеҳсоли Туркия, нахӯди сабзи навъҳои «Агростар», «Экостар» ва «Экос»-и истеҳсоли  Молдова, консерваҳои навъи «Сайра», ҷуворимаккаи ширини истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин, шпроти навъи «Голд»-и истеҳсоли Латвия, шоколади навъи «Вечер», қиёми шири навъи «Варёнка» ва консерваи гӯшти гӯсфанди истеҳсоли Русия ба миқдори зиёд дарёфт карда шуд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   хабар доданд

Муайян гардид, ки маҳсулоти мазкур ба шаҳрванд А.А., соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошта, ин шаҳрванд молҳои мазкурро ба воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес- бенс Спринтер» аз Ҷумҳурии Қирғизистон тариқи роҳҳои ғайрирасмии ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бидуни назорати гумрукӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.

Тибқи хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд арзиши умумии маҳсулот 207 ҳазору 183 сомонро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд А. А бо моддаи 289-и қисми 1-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз  шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.

 

Октябрь 31, 2016 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд