Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-19) дар бозии аввал мағлуб шуд

Октябрь 28, 2016 11:26

Душанбе, 28.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври аввали бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни бонувони то 19-сола шоми дирӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо натиҷаи 3:0 аз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон мағлуб гардид. Голҳоро Шаҳноза Қурбонова (23), Шоира Култураева (67) ва Малика Бурҳонова (71) ба дарвоза заданд.
Дар бозии дигари рӯз дастаи мунтахаби Тайбейи Чин бо натиҷаи 3:0 бар Гонконг ғолиб омад.
Бозиҳои даври дуюм рӯзи шанбе баргузор мешаванд. Дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон бо Гонконг (14:00) ва Тоҷикистон бо Тайбейи Чин (17) қувва меозмоянд.
Ёдрас мешавем, ки танҳо як даста аз гурӯҳи «Б» соҳиби роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё мегардад.

Октябрь 28, 2016 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд