Дастгирии 21 лоиҳа аз ҷониби раиси вилояти Хатлон

Октябрь 22, 2016 09:14

Қурғонтеппа, 22.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа маросими супоридани грантҳои раиси  вилояти Хатлон  Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор гардид.  Раиси вилояти  Хатлон  ғолибони озмунро  табрик  намуда, гуфт: «имрӯзҳо  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ва роҳбарияти  вилояти  Хатлон  занони соҳибкорро  дастгирӣ менамоянд. Эълони озмуни  мазкур  барои гранти  раиси  вилояти Хатлон дар  асоси  дастуру  супоришҳои Президенти Ҷумҳурии   Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон гузаронида  шуда,  гувоҳи он аст, ки  ҳар як  икдоми  занон  оид ба  рушди ҷомеа  ва    соҳибкорӣ   дастгирӣ меёбад».
Чанде пеш озмуни грантҳои раиси вилояти Хатлон  «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон эълон   шуда  буд.  Тибқи  талаботи  озмун 21  лоиҳа  ба  маблағи  250  ҳазор сомонӣ дастгирӣ  ёфтанд.
Ҳаҷми грант мувофиқи харҷномаи воқеӣ ва корҳои нақшавӣ муайян карда   шудааст.

Октябрь 22, 2016 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид