Фестивали рақси варзишӣ беҳтарин раққосонро интизор аст
Душанбе, 11.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябри соли равон бахшида ба ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон КВД «Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» дар мувофиқа бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Фестивали рақси варзишӣ- «Арт Дэнс» — ро таҳти унвони «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» баргузор намуд.
Фестивали рақси варзишӣ дар 4 бахш аз 8 то 22 октябр доир гардида, дар он беҳтарин раққосон метавонанд иштирок намоянд.
Мақсад аз баргузории фестивали мазкур- ин муаррифии соҳибистеъдодҳои ҷавон ва дастгирӣ намудани онҳо мебошад.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.









Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






