Гузоштани санги асоси сохтмони бинои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 05.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои маъмурию таълимӣ, озмоишгоҳи таълимию илмӣ ва хобгоҳи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб расман оғоз бахшиданд.
Шаҳраки маъмурию таълимӣ ва истиқоматии Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Дирексияи иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. Дар айни замон лоиҳаи ангоравии иншооти мазкур тасдиқ шуда соли 2017 барои сохтмони бинои маъмурию таълимии 11 ошёна, озмоишгоҳи таълимию илмӣ ва хобгоҳи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб 13 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи дурнамо дар биноҳои нав барои ба таълим фаро гирифтани 3000 ҳазор донишҷӯй шароит фароҳам оварда шуда ҳамчунин хобгоҳи дорои шароити муосир бунёд мегардад, ки барои 600 нафар пешбинӣ шудааст. Мувофиқи нақшаи дурнамо дар ин мавзеъ ҳамчунин бинои истиқоматии 9 ошёна барои омӯзгорон, толорҳои бузурги маҷлис ва варзишӣ, боғ ва майдонҳои истироҳатию бозиҳои гуногуни варзишӣ сохта мешавад.
Хотиррасон бояд кард, ки Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи дурнамои барномаи тараққиёти вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003 таъсис дода шуда муассисаи таҳсилоти олии касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи саноат ва техналогияҳои муосири соҳавӣ мебошад. Ҳоло дар Донишкада дар 5 факулта аз рӯйи 35 ихтисос 2015 донишҷӯй ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар сохтори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таълимӣ барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа амал намуда дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин дар тобеияти худ як литсейи инноватсионӣ дорад.


















Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншоотро дар ноҳияи Фархор ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






