Гузоштани санги асоси сохтмони бинои минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 05.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмони бино ва иншооти қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб оғози расмӣ бахшиданд.
Зимни муаррифии тарҳи бино иттилоъ дода шуд, ки арзиши лоиҳавии он 5 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил дода, оғози корҳои сохтмонӣ соли 2017 пешбинӣ шудааст. Бинои мазкур аз 9 ошёна ва таҳхонаи дорои 52 утоқи корӣ, ошхона барои 60 нафар, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 125 ҷойи нишаст, қисми навбатдорӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.
Бо мақсади фароҳам сохтани шароити моддию техникии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд амалӣ карда мешавад. Танҳо дар давоми 10 моҳи соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маблағи қариб 20 миллион сомонӣ 14 иншооти гуногун барои кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки нишона аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати сохторҳои қудратии мамлакат аст.
Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Корхонаи давлатии сохтмон ва васлкунии рақами 2-и ҳамин вазорат аст.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони ширкат барои иҷрои корҳои босифати сохтмон ва дар вақти муайяншуда ба охир расондани корҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.











Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






