Ифтитоҳи маркази хизматрасонии “Роҳи абрешим” дар шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази замонавии хизматрасонии “Роҳи абрешим”- ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази “Роҳи абрешим” дар шафати роҳи байналмилалии мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма” бо маблағи 2 миллион сомонӣ қомат афрохта, дорои мағозаи фуруши шабонарӯзӣ, қаҳвахона ва тарабхона бо 150 ҷойи нишаст мебошад ва бо санъати баланди меъморӣ сохта шудааст.
Соҳибкори ватанӣ Табаралӣ Амрохонов бо бунёди ин маркази муосири хизматрасонӣ, 50 нафар сокинони маҳаллии шаҳри Кӯлобро соҳиби кори доимӣ кард.
Дар ошёнаи сеюми марказ меҳмонхонаи нав бо 13 ҳуҷраи хоб сохта шудааст. Мақсад аз бунёди чунин иморати зебо ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирону ронандагони шоҳроҳи байналмилалӣ мебошад.
Дар рӯзи ифтитоҳи маркази хизматрасонии “Роҳи абрешим” дар ошёнаи якуми бино тӯйи дастаҷамъонаи суннатии 25 кудак аз оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони хушбахти замон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.













Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон






